Аз нишастҳои матбуотӣ

Бар асари ҳодисаҳои табиӣ 71 нафар ба ҳалокат расид

№19 (3813) 13.02.2018

DSC_3941- Соли 2017 дар кишвар 720 ҳолати тармафароӣ, 41 — омадани сел, 32 — баландшавии сатҳи оби дарёҳо, 23 — фаромадани ярч, 33 — заминларза, 21 — сангреза (кӯҳпора) ва 13 ҳолати вазидани шамоли сахт ба қайд гирифта шуд, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ  раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рус­там Назарзода ва афзуд: — Аз ҳодисаҳои табиии  баамаломада 31 нафар ба ҳалокат расида, 157 хонаи истиқоматӣ (49 хона пурра), 604,47 га майдони кишт, 16 пул ва 1196,987 км роҳҳои мошингард зарар диданд.

- Бо мақсади рушди соҳа, мус­таҳкам намудани заминаи моддию техникӣ, бозомӯзии наҷотдиҳандагон кумита бо сафирони давлатҳои тараққикардаи дунё ва ташкилоти байналмилалӣ беш аз 40 нишасту вохӯрӣ доир намудем, — идома дод Рустам Назарзода.

Зикр шуд, ки дар асоси  Барномаи «Фонди Трастӣ»-и Федератсияи Россия 12 адад ва лоиҳаи кумаки техникии Ҳукумати Япония 19 адад техникаи махсус, таҷҳизот ва дигар лавозимоти соҳавӣ ба кумита ворид гардид. Дар асоси созишномаи ҳамкорӣ бо Фонди Шоҳ Салмони Арабистони Саудӣ сохтмони бинои сеошёна дар маркази ҷумҳуриявии таълимӣ — методии кумита дар арафаи анҷомёбист. Соли гузашта аз Федератсияи Россия 40 тонна ва аз Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон 70 тонна ёрии башардӯстона ба ҷумҳурӣ ворид шуд.

Шарофат Абдулвоҳидова,

«Садои мардум»