Аз нишастҳои матбуотӣ

«Барқи тоҷик» аз ҳисоби коҳиши содирот 38 миллион доллар зарар дид

№24 (4286) 23.02.2021

ismoilzoda — копия

Раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» Мирзо Исмоилзода 18 феврали соли 2021 зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки соли сипаришуда истеҳсоли неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳӣ 15 миллиарду 248,4 миллион кВт/соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2019-ум 1 миллиарду 215,6 миллион кВт/соат кам мебошад. Сабаби кам гардиданро масъулин маҳдуд гардидани захираҳои обӣ-энергетикӣ арзёбӣ карда, афзуданд, ки ин омил, ҳамчунин, боис ба коҳиш ёфтани содироти неруи барқ ба хориҷи кишвар шуд.

Соли 2020 ба хориҷи кишвар 1 миллиарду 536,8 миллион кВт/соат неруи барқ интиқол ёфта, дар қиёс ба соли 2019-ум 1 миллиарду 399,8 миллион кВт/соат кам мебошад. Аз ин ҳисоб ширкат 38 миллион доллар зарар дидааст.

Бино ба гуфти ӯ, соли сипаришуда талафоти неруи барқ ба 16,6 дарсад ё 3 миллиарду 270,2 миллион кВт/соат баробар шудааст.

Ҳамчунин, 1 миллиону 162,3 ҳазор Гкал неруи гармӣ истеҳсол шудааст, ки дар муқоиса ба соли 2019-ум 321,1 ҳазор Гкал зиёд мебошад.

Соли сипаришуда 5 миллиард қарзи ШСХК «Барқи Тоҷик» дар назди Вазорати молияи кишвар кам шуда, ҳамчун ҳиссаи Ҳукумати Тоҷикистон ба сармояи оинномавии ширкат гузаронида шуд. Ҳоло қарзи кредитории ширкат дар назди Вазорати молия 22 миллиард сомониро ташкил дода, қарзи дебиторӣ 3 миллиарду 146 миллион сомонӣ аст.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

 «Садои мардум»