Нишастҳои матбуотӣ

Барои табдили Донишкада ба Донишгоҳ замина фароҳам аст

№90 (3727) 27.07.2017

DSC_0968Теъдоди дастурҳои илмию методии нашршудаи профессорону устодони Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2016-2017 ба 488 адад, аз ҷумла 3 монография, 6 китоби дарсӣ, 15 воситаи таълимӣ, 9 дастури методию таълимӣ, 355 мақола ва ғайра расид. Барои тарбияи мутахассисони ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ 6 факултет, шуъбаи магистратура ва 27 кафедра фаъолият дорад, ки дар онҳо 409 омӯзгор, аз ҷумла 14 доктори илм ва 106 номзади илм барои пешбурди фаъолияти таълимию методӣ ҷалб шудаанд. Ин нуктаро 20 июли соли равон ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Қудрат Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт.

Натиҷаи таҳлили сессияҳои зимистона ва тобистонаи соли таҳсили 2016-2017 нишон дод, ки сафи донишҷӯёни бо баҳои хубу аъло таҳсилкунанда нисбат ба сессияи зимистонаи соли таҳсили 2015-2016-ум 2,7 фоиз афзудааст. Имсол интихоби донишкада аз ҷониби довталабон ба 39 ҳазору 305 нафар расид ва тибқи рейтинг дар ҷойи шашум қарор гирифт.

Дар донишкада барои донишҷӯёни манотиқи дурдасти кишвар 3 хобгоҳи ба талабот ҷавобгӯйи дорои 910 ҷойи зист мавриди истифода қарор дорад. Дар хобгоҳи донишҷӯён маркази компютерӣ таъсис дода шудааст.

Қудрат Давлатзода, ҳамчунин зикр намуд, ки иқтидори зеҳнӣ ва моддию техникии донишкада барои дигар кардани мақоми он, яъне ба донишгоҳ табдил гардидан шароит фароҳам овардааст ва ин масъала дар ҳоли омӯзиш қарор дорад.

Ҷамшеди САБОҲИДДИН,

«Садои мардум»