Аз нишастҳои матбуотӣ

Барои зоирон шароити хуб омода мегардад

№92 (4042) 30.07.2019

DSC_0290Яке аз сабабҳои баланд будани нархи сафари ҳаҷ дар мавсими имсола боло рафтани қурби доллар нисбат ба сомонӣ мебошад. Аз ин хусус раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода 24 июли соли равон дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, ки баъзе аз воситаҳои ахбори омма нархи сафари ҳаҷ дар кишварро бо мамлакатҳои дигар муқоиса намуда, ба эътибор намегиранд, ки нархномаи арзони дигар кишварҳо кадом намуди хизматрасониро дар бар мегирад. Соли ҷорӣ нархнома барои як нафар, дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 35 ҳазору 128 сомонӣ муқаррар гардид. Аз ин маблағ барои зоирон дар як шабонарӯз се маротиба хӯрок таъмин карда мешавад. Хӯроки онҳо аз ҷониби ошпазҳои тоҷикистонӣ омода мегардад.

Ҳамчунин, зоирони кишвар дар хобгоҳҳои наздик ба Ҳарам, ки дорои шароити хуб мебошанд, ҷойгир хоҳанд шуд.

С. СУННАТӢ, «Садои мардум»