Аз нишастҳои матбуотӣ

Баррасии 151 парванда дар мурофиаҳои сайёри судӣ

№98 (4360) 29.07.2021

IMG_7907++- Дар нимсолаи аввали соли 2021 дар судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ 2081 парванда баррасӣ ва доир ба 925-тои ҳалномаи судӣ бароварда, 70 парванда аз истеҳсолот гирифта шуда, 110 ариза бе баррасӣ мононда, қабули 5 ариза рад ва 341 ариза, бинобар ба талаботи қонунгузории мурофиавии иқтисодӣ мутобиқ набудан баргардонида шудааст, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ (22 июл) муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Комилӣ.

- Шумораи парвандаҳои баррасишуда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 230 адад зиёд аст. Дар ин давра ба маблағи 118101265 сомонӣ даъво қонеъ ва тибқи санадҳои судӣ ба фоидаи давлат 2497327 сомонӣ боҷ рӯёнида шуд, — афзуд ӯ.

Бино ба гуфти Файзалӣ Комилӣ, зимни муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо аризаҳои даъвогӣ ба буҷети давлат 1175753 сомонӣ боҷ пардохт гардид. Дар натиҷаи ҳамкорӣ бо Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ташкилоту муассисаҳо ҷиҳати иҷрои санадҳои судӣ дар шаш моҳи аввали соли равон 60799891 сомонӣ маблағи боҷи зарару молиявӣ ва қарз пардохту барқарор карда шуд.

Судҳои иқтисодӣ дар мурофиаҳои сайёри судӣ 151 парвандаро баррасӣ намуда, доир ба иҷрои онҳо 172 таъиноти хусусӣ бароварданд.

Вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шартномаҳои байналмилалӣ ба судҳои иқтисодӣ 7 супориши судӣ ворид гардида, тибқи тартиб мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Ғайр аз ин, ба судҳои иқтисодӣ 4 дархост дар бораи эътироф кардан ва ба иҷро расонидани ҳалномаи судҳои хориҷӣ ва арбитражи хориҷӣ (арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ ва судҳои ҳакамӣ) ворид шуда, онҳо низ дар муҳлати муайян баррасӣ гардидаанд.

Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»