Аз нишастҳои матбуотӣ

Баррасии парвандаҳо дар мурофиаҳои сайёри судӣ зиёд гардид

№18 (3812) 10.02.2018

DSC_3868Соли 2017 ба судҳои иқтисодӣ 3166 ариза оид ба баҳсҳои иқтисодӣ ворид гардид, ки 2081 адади он мавриди баррасӣ қарор гирифт, — иброз намуд зимни нишасти матбуотӣ раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Қаландарзода.

- Вобаста ба муроҷиати шахсони воқеӣ, барои роҳ додан ба камбудиҳо нисбат ба 4 корманди дастгоҳи суд муҷозоти интизомӣ татбиқ ва амали 14 нафар судя муҳокима шуд. Ҳамчунин, аз ҷониби суд­ҳои иқтисодӣ ба Буҷети давлатӣ 15 156 420 сомонӣ ҳамчун маблағи боҷи давлатӣ ва зарари ба давлат расонидашуда ворид карда шуд, — гуфт Мавлуда Қаландарзода.

Судҳои иқтисодӣ 180 парвандаро дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ намуда, доир ба вайронкунии қонун 68 таъиноти хусусӣ бароварданд. Баҳри ислоҳи камбудиҳо 31 пешниҳод ба мақомоти дахлдор ирсол шуд, — афзуд раиси Суди Олии иқтисодӣ.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»