Аз нишастҳои матбуотӣ

Баррасии таъмини асосҳои илмии сиёсати давлатии муносибат бо дин

№21 (3971) 21.02.2019

DSC_5813Масъалаҳое, ки зимни нишасти матбуотии МД «Маркази исломшиносӣ»-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 феврали соли 2019 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, ба таъмини асосҳои илмии сиёсати давлатии муносибат ба дин, муайян намудани робитаҳои мероси исломӣ ба фарҳанги миллӣ, ҷустуҷӯйи роҳҳои бартараф кардани зуҳуроти номатлуб ва гирифтани пеши роҳи густариши онҳо алоқаманд буданд.

Таъкид гардид, ки муносибати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи арҷ гузоштан ба мероси пурғановати исломӣ, бахусус анъанаҳои суннатии дар асоси таълимоти мазҳаби ҳанафӣ бунёдёфта камназир ва одилона аст. Директори марказ Файзулло Баротзода гуфт, ки он дорои Шӯрои илмӣ мебошад, ки ҳайати он аз 4 доктор ва 8 номзади илм таркиб ёфтааст.

Маълум гардид, ки марказ дар шашмоҳаи дувуми соли 2018 ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералӣ, Шӯрои амният ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 17 гузориши таҳлилӣ ва тавсиявӣ пешниҳод кардааст. Дар ин давра аз тариқи телевизион ва радио 92 суханронии кормандони илмии марказ пахш ва 52 мақолаи илмӣ-оммавӣ, аз ҷумла 12 мақола дар нашрияҳои хориҷӣ чоп шудааст.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум»