Аз нишастҳои матбуотӣ

Бекоршавии никоҳ коҳиш ёфт

№25-26 (4287-4288) 25.02.2021

a4fa2c0b15100211afdc2d4d40da8ae7- Аввалин бор, тӯли даҳ соли охир, бекоршавии ақди никоҳ коҳиш ёфт, вале он ҳанӯз қаноаткунанда нест. Тибқи маълумоти Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, соли 2020 бекор кардани ақди никоҳ 10536 ҳолат ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1946 ҳолат кам аст. Ин нуктаро 17 феврали соли 2021 Ҳилолбӣ Қурбонзода раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт.

Номбурда гуфт, ки ба Маркази захиравӣ оид ба масъалаҳои гендерӣ ва пешгирии зӯроварии хонаводагӣ 1919 нафар муроҷиат намуда, бо 1183 кас машварати равонию ҳуқуқии телефонӣ ва бо 736 нафар суҳбати рӯ ба рӯ анҷом дода шуд.

Ҷиҳати амалишавии «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022» дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 250 нафар занони роҳбар ва дар захираи кадрибудаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо семинарҳои омӯзишӣ доир гардид. Бо мақсади ҷалби бештари духтарон ба хизмати давлатӣ ва дигар сатҳҳои роҳбарикунанда дар назди кумита курси шашмоҳаи омӯзишии «Мактаби сарварони ҷавон» барои 50 донишҷӯдухтари фаъоли макотиби олии кишвар ба роҳ монда шуд. Ҳоло дар соҳаи хизмати давлатӣ аз 5718 кадри роҳбарикунанда 1098 нафарро занон ташкил медиҳанд.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум»