Беш аз 200 миллион сомонӣ зарари молиявӣ барқарор гардид

№16 - 17 (4122 - 4123) 04.02.2020

DSC_469630 январи соли равон дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2019 нишасти матбуотӣ доир шуд.

Раиси он Қарахон Чиллазода зикр намуд, ки Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ дар асоси муқаррароти  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон»  чорабиниҳои назоратиро ҷиҳати пешниҳоди хулосаи саҳеҳ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба баҳодиҳӣ ба «Ҳисобот оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» ба анҷом расонид. Дар вазорату идораҳо, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо, субъект­ҳои хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 308 санҷиш гузаронда, ба маблағи 234,1 млн. сомонӣ зарари молиявӣ, 221,4 млн. сомонӣ истифодаи ғайримақсадноки воситаҳои давлатӣ, 67,7 млн. сомонӣ талафи амволи давлатӣ муайян карда шуд. Муҳим он аст, ки ба буҷет 80,5 млн. сомонӣ ва ба муассисаву ташкилот 132,9 млн. сомонӣ зарари расонидашуда барқарор гардид.

Барои мисол, дар БДА ҶТ «Амонатбонк», сохторҳои тобеи он 98,6 млн. сомонӣ зарари молиявӣ муайян гардид. Аудити молиявӣ дар бонк нишон дод, ки сандуқи қарзии бонк ба ҳолати 1 апрели соли 2019 аз ҳисоби 425 мизоҷ 591,6 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки  муҳлати баргардонидани 432,9 млн. сомонии он солҳои 2015-2017 муқаррар гардидааст. Дар заминаи тадбирандешӣ аз ҷониби  23 шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба маблағи 48,2 млн. сомонӣ қарзи батаъхирафтода барқарор гардид.

Маълум шуд, ки Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо мақомоти назорати молиявии Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистону Молдова, Беларус, Латвия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Покистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин ҳамкории судмандро ба роҳ мондааст.

Н.НИЗОМӢ«Садои мардум»