Аз нишастҳои матбуотӣ

Беш аз 300 ҳайати гуногунсатҳи кишварҳои хориҷӣ ба ҷумҳурӣ ташриф оварданд

№98 (4048) 15.08.2019

Сироч-Густариши муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, ки авлавияти асосии сиёсати хориҷӣ маҳсуб меёбад, муҳимтарин самти фаъолияти Вазорати корҳои хориҷиро ташкил медиҳад. Ба ин хотир, дар нимсолаи аввали соли 2019 чанд дидору мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дохил ва хориҷи мамлакат доир гардид, — гуфт вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни нишасти матбуотӣ (2 август).

Тибқи иттилои номбурда, дар давраи зикршуда беш аз 300 ҳайати гуногунсатҳи кишварҳои хориҷӣ ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд, ки дар густариши муносибатҳои байналмилалӣ ва болоравии мақому манзалати кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ саҳми муассир мегузоранд.

Сироҷиддин Муҳриддин, инчунин қайд намуд, ки дар нимсолаи якуми соли равон миёни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҷумҳурии Қирғизистону Ҷумҳурии Исломии Эрон вохӯриҳои муҳими дуҷониба дар сатҳҳои гуногун баргузор гардиданд, ки зимни онҳо доираи васеи масоили марбут ба таҳкиму густариши ҳамкориҳои тарафайн мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷамшеди САБОҲИДДИН,

«Садои мардум»