Аз нишастҳои матбуотӣ

Беш аз 6368,7 гектар замин ба ҳолати аввала баргардонида шуд

№14 (3808) 01.02.2018

DSC_2938Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Юсуф Раҳмон зимни нишасти матбуотӣ (25 январи соли 2018) зикр намуд, ки соли гузашта дар самти назорати иҷрои қонунҳо, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон 5267 санҷиш гузаронида, баҳри пешгирӣ ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ҷойдошта 19788 санади эътиноӣ ирсол гардида, бо баррасии онҳо 10685 нафар ба ҷавобгарии интизомию моддӣ кашида, 20250 парвандаи ҳуқуқвайронкунию маъмурӣ ва 2728 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Дар натиҷа, 551 миллион сомонӣ зарари молиявии аз амалҳои ҷиноятӣ ва дигар қонунвайронкунӣ расида, рӯёнида шуд, ки 246 миллион сомонии он ба манфиати давлат мебошад.

Ҳамчунин, аз гузориши Юсуф Раҳмон маълум гардид, ки мақомоти прокуратура соли гузашта дар самти иҷрои қонунгузории замин 376 санҷиш гузаронида, 2179 санади таъсиррасонии прокурорӣ тартиб додаанд. Дар асоси баррасии онҳо 3115 шахси масъул ба ҷавобгарии интизомӣ, маъмурӣ ва моддӣ ҷалб, 876 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, 6368,7 гектар замин ба ҳолати аввала баргардонида шудааст.

Инчунин, аз рӯи санҷишҳо оид ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъу­лияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» 2750 нафар ба ҷавобгарии маъмурию интизомӣ кашида, 189 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Соли гузашта муфаттишони мақомоти прокуратура тафтиши 3868 парвандаи ҷиноятиро ба охир расонида, 3554 адади онро ба суд ирсол намудаанд.

Дар охир прокурори генералӣ ба саволҳо роҷеъ ба раванди баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ бо рамзи «махфӣ», вазъи ҷинояткорӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ, кирдорҳои ғайриқонунии ширкатҳои сохтмонӣ дар робита ба фиреби шахсони воқеӣ, ки барои соҳиб шудан ба манзил маблағ пардохт кардаю дучори фиреб гардидаанд, мусоидат ба мизоҷони бонкҳои мушкилдор барои боз­пас гирифтани пасандоз­ҳо, моҳияти эъти­розҳои прокурорӣ ба қарорҳои судӣ ва ғайра ҷавоб гуфта, воситаҳои ахбори оммаро ба ҳамкории зич даъват намуд.

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум»