Нишастҳои матбуотӣ

Бинои нави парлумони мамлакат чорошёна мешавад

№87 - 88 (3724-3725) 22.07.2017

Сотумон ва Меъмори (4)Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой барои бун­ёди бинои нави парлумон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 230 миллион доллар грант ҷудо намудааст. Тибқи лоиҳа, бинои нави парлумони мамлакат чорошёна  буда, намои зебо дорад. Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Ҷамшед Аҳмадзода  19 июли соли равон дар нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки қариб 80 фоизи сохтмончиёнро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил хоҳанд дод.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли  равон оғоз меёбад.

- Айни замон аз 65 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ таҳияи нақшаҳои генералии 45 шаҳру ноҳия пурра ба анҷом расида, бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ гардида, мавриди амал қарор доранд. Нақшаи генералии ноҳияҳои Шаҳрис­тон, Ҷалолиддини Балхӣ, Ховалинг ва Мурғоб бо вазорату  идораҳо мувофиқа гардида, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, — гуфт Ҷамшед Аҳмадзода ва афзуд: — Дар  сохтори Кумита Маркази энергиясамаранокӣ амал мекунад, ки мутахассисони варзида барои дар лоиҳаҳо татбиқ намудани роҳу усулҳои баланд бардош­тани энергиясамаранокии биноҳо корҳои тадқиқотӣ мебаранд. Масалан, ҳоло дар воридгоҳи баъзе аз биноҳои нав фурӯзонакҳои  «боҳуш» насб шудааст, ки танҳо бо наздик шудани воридшаванда фурӯзон  мешаванд. Бо фароҳам омадани имкониятҳои молиявӣ оянда дар биноҳо насби панелу обгармкунакҳои офтобӣ низ дар назар дошта шудааст.

Бинобар арзон будани нархи масолеҳи сохтмонӣ ва зиёд шудани шумораи биноҳои нави истиқоматӣ  алҳол нархи ҳар метри мураббаи манзил дар шаҳри Душанбе нисбат ба пойтахти дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ хеле арзон шудааст.

- Бахшида ба 26 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Рӯзи сохтмончиён» 11-12 августи соли равон дар шаҳри Қӯрғонтеппа Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи  меъморӣ ва шаҳрсозӣ, инчунин озмуни «Беҳтарин истеҳсолкунандаи хишт — 2017» баргузор мегардад, — иттилоъ дод Ҷамшед Аҳмадзода.

 Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»