Нишастҳои матбуотӣ

Бо мақсади такмили қонунгузорӣ корҳои зиёд ба анҷом расиданд

№94 (3731) 08.08.2017

Конунгузор (2)Директори Маркази миллии қонунгузории ­назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Маҳмад Забир зимни нишасти матбуотӣ, ки 2 август доир гардид, гуфт, ки дар нимсолаи якуми соли 2017 бо мақсади такмили қонунгузорӣ, баланд бардош­тани сифату самаранокии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, таҳлили муқоисавӣ- ҳуқуқии қонунгузории амалкунанда,  дастрасии иттилооти ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон ва ташкилотҳо як зумра корҳои мушаххас ба анҷом расонида шуд. Ҷиҳати баланд бардош­тани сифати қонунҳо, бартараф кардани мухолифат, номутобиқатӣ ва холигии байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва мукаммалсозии онҳо ба зиёда аз 70 лоиҳаи қонун, созишномаҳои байналмилалӣ, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ хулосаи ҳуқуқӣ пешниҳод шуд, ки дар маҷмӯъ зиёда аз 400 ададро дар бар мегирифт.

Марказ муассисаи илмӣ-тадқиқотӣ ва иттилоотию таҳлилӣ буда, фаъолияти худро тибқи Нақшаи корҳои илмию тадқиқотӣ барои солҳои 2016-2020 дар мавзӯъҳои «Проблемаҳои актуалии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ва «Танзими ҳуқуқии электроникунонии фаъолияти соҳибкорӣ дар Тоҷикистон» ба роҳ мондааст, ки фарогири проблемаҳои назариявӣ ва амалии қонунгузории маданӣ, соҳибкорӣ, меҳнат, муҳоҷират, сохтори давлатӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, андозу молия, гумрук, бонк, буҷет, байналмилалӣ, электроникунонии фаъолияти соҳибкорӣ, танзими аҳдҳои электронӣ ва ғайра мебошад.

Дар давраи зикршуда аз ҷониби кормандони Марказ китобу тафсирҳо, аз қабили «Ҳуқуқи Тоҷикистони муосир» (қисми 4), монографияи «Правовой режим объектов гражданских прав в интернете», «Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ», «Дар бораи маориф», «Дар бораи ҳифзи иттилоот», «Тафсири Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба чоп расиданд.

Кормандони Марказ бо мақсади баланд бардоштани маърифат ва маданияти ҳуқуқии шаҳрвандон бо аҳолӣ зиёда аз 50 вохӯрӣ гузаронида, беш аз 50 маротиба тавассути телевизион ва радиои ҷумҳурӣ баромад намуданд.

- Сомонаи Марказ ҳафт сол боз фаъол аст ва шумораи истифодабарандагонаш ҳар сол зиёд мешавад. Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ аз он беш аз 485320 нафар истифода бурдаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 73000 нафар зиёд аст ва беш аз 40 фоизи истифодабарандагони он аз кишварҳои хориҷӣ мебошанд, — иброз дошт Раҳимзода Маҳмад Забир.

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум»