Аз нишастҳои матбуотӣ

Боз ду шабакаи нави телевизионӣ таъсис меёбад

№98 (4360) 29.07.2021

IMG_7980+++22 июли соли 2021 дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир шуд.

 Саид Нуриддин Саид, раиси он гуфт, ки фарогирии аҳолӣ бо барномаҳои шабакаҳои давлатии телевизион дар пахши рақамӣ ҳоло 72 фоизро ташкил медиҳад. Фарогирӣ аз тариқи пахши аналогӣ дар «Телевизиони Тоҷикис­тон» 99,72 фоиз, «Телевизиони Сафина» — 92,70, «Баҳорис­тон» — 89, 01 ва «Ҷаҳоннамо» 78, 96 фоиз аст. Ин нишондиҳанда бо барномаҳои давлатии радио дар мавҷи FM «Радиои Тоҷикистон» 88,60 фоиз, «Овози тоҷик» — 57,90, «Садои Душанбе» — 65,80 ва «Фарҳанг» 59,87 фоизро ташкил медиҳад.

Дар нимсолаи аввали соли 2021 Муассисаи давлатии телевизиони «Илм ва табиат», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 августи соли 2020 таъсис ёфт, расман ба фаъолият оғоз намуд. Барои таъмини телевизиони «Илм ва табиат» бо пахши HD фиристандаҳои рақамӣ дар шаҳри Душанбе, дар маҳали Ташроботи вилояти Хатлон ва дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд насб карда шуд. Ҳоло фарогирии аҳолӣ бо барномаҳои телевизионӣ 51, 2 фоизро ташкил медиҳад.

Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ маълумоти 140 фитта аз формати DVCam ва 75 фитта аз формати SP ба рақамӣ (ба компютер) гузаронида шуд. Феҳристи 1479 намоиши телевизионӣ тартиб дода шуда, 2403 гузориш муқовабандӣ гардид.

Ба хазинаи сабти овоз дар ин давра 2177 барнома дар таҳия ва пешниҳоди гурӯҳҳои эҷодии шабакаҳои радиоӣ ворид шуд, ки бештар барномаҳои таҳиянамудаи кормандони Радиои Тоҷикис­тон ва шабакаҳои онро дар бар мегирад. Аз силсилаи хонишҳои бадеӣ ва адабӣ 362 гуфтор, аз ҷумла, аз рӯи асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон «Уфуқҳои истиқлол» ва «Забони миллат — ҳастии миллат» (китоби дувум) 83 гуфтор бо давомнокии 41 соат, асари сегонаи Ҷалол Икромӣ «Духтари оташ», «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро», «Тахти вожгун» 162 гуфтор бо давомнокии 81 соат ворид гардид.

Масъулин гуфтанд, ки барои татбиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва «Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии телевизиони «Шаҳнавоз», ки 30 июни соли 2021 ба тасвиб расиданд, тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Т. НЕКҚАДАМ,

«Садои мардум»