Аз нишастҳои матбуотӣ

Бунёду барқароркунии ҷангал аз порсола зиёд шуд

№90 (4196) 25.07.2020

Azizullo-IsmatzodaСоли равон дар доираи корҳои ободонию кабудизоркунии шафати роҳҳои автомобилгарди Душанбе — Кӯлоб ва Душанбе — Варзоб 24804 бех ниҳоли дарахтони гуногун шинонида, нигоҳубини онҳо хуб ба роҳ монда шудааст. Директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизулло Исматзода 23 июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки тайи 6 моҳи соли равон дар 1471,4 гектар корҳои бунёду барқароркунии ҷангал гузаронида шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 136,6 гектар зиёд мебошад.

Бориши ғайричашмдошти барф дар моҳи апрели соли равон ба дарахтони мевадор таъсири манфӣ расонид. Аз ин рӯ, хоҷагиҳои ҷангали ҷумҳурӣ кӯшиш карда истодаанд, ки бо истифодаи самараноки замин то андозае зарари иқтисодиро ҷуброн намоянд. Бо ин мақсад дар 321,9 гектар картошка кишт  намуданд, ки ин нисбат ба соли гузашта 46,3 гектар зиёд аст. Инчунин, дар 997,5 гектар кишти зироатҳои ғалладона ба роҳ монда шуда, ҷамъоварии ҳосил идома дорад.

Зикр шуд, ки дар хоҷагиҳои ҷангали ҷумҳурӣ шумораи оилаҳои занбӯри асал торафт зиёд мешавад. Агар соли 2006 шумораи оилаҳои занбӯри асал дар хоҷагиҳои ҷангали мамлакат 2205  оиларо ташкил дода бошад, ҳоло ин рақам ба 3282 оила расидааст. Соли равон бинобар сербориш омадани оғози фасли баҳор ҷамъоварии асал қариб як моҳ ба таъхир афтод.

Дар Агентӣ ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №199 аз 31 марти соли равон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт ҷорӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу  зимистони солҳои 2020- 2021» Нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ гардида, барои ҳамоҳангсозии фаъолият дар ин самт Ситоди фаврӣ ташкил карда шудааст. Дар  доираи амалишавии чорабиниҳои мазкур то ин давра 960,5 тонна хошоки дурушт захира шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 21,5 тонна зиёд мебошад. 

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»