Аз нишастҳои матбуотӣ

Чаро нақшаи андоз иҷро нашуд?

№22 (4128) 18.02.2020

АндозСоли гузашта нақшаи андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ 96,1 дарсад таъмин гардида, ба буҷети давлатӣ 11 миллиарду 120 миллион сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 450 миллион сомонӣ кам мебошад. Дар ин бора раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода 12 феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ маълумот дод.

Бино ба гуфти ӯ, сабаби иҷро нагардидани нақша нокифоя афзоиш ёфтани субъектҳои соҳибкорӣ дар баъзе шаҳру ноҳияҳо ва дар сатҳи зарурӣ таъмин накардани иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ аз ҷониби кормандони мақомоти андоз мебошад.

- Бинобар нокифоя афзоиш ёфтани манбаъҳои андозбандӣ дар корхонаҳои калон ва ширкатҳои мобилӣ, ба буҷет, 516 миллион сомонӣ маблағ ворид нагардид, ки 432 миллион сомониаш аз ҳисоби ширкатҳои мобилӣ мебошад,- зикр кард номбурда.

Дар ин давра бо мақсади маҷбуран рӯёнидани маблағи бақияи қарзи андоз аз тарафи мақомоти андоз  нисбат ба 5740 андозсупоранда 8409 қарор ба маблағи 940 миллион сомонӣ қабул гардида, ба буҷет 850 миллион сомонӣ ворид шуд. Тибқи нақшаи тасдиқшуда, дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва бо риояи муқаррарот оид ба мораторий дар робита ба фаъолияти 1840 шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ санҷиши риояи қонунгузории андоз гузаронида шуда, ба маблағи 511 миллион сомонӣ кам ҳисоб кардан ва пинҳонкунии андозҳо ошкор гардид. Бино ба гуфти масъулин, аз ин ҳисоб ва ҳисоби маблағҳои солҳои қаблӣ ошкоргардида 500 миллион сомонӣ соли гузашта ба буҷет ворид гардид.

Нусратулло Давлатзода гуфт, ки соли 2019 дар натиҷаи беҳтар намудани корҳои назоратӣ 22700 ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ  ошкор ва шахсони дахлдор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд. Онҳо ба маблағи 160,3 миллион сомонӣ ҷарима гардида, аз ин ҳисоб ба буҷети ҷумҳуриявӣ зиёда аз 130 миллион сомонӣ ворид шуд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»