Аз нишасти матбуотӣ

Даҳ корхонаи азим ба истифода дода мешавад

№103-104 (3583-3584) 03.08.2016

Бисту ҳаштуми июли соли равон нишасти матбуотии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он фаъолияти шашмоҳа баррасӣ шуд.

Вазири саноат ва технологияҳои нав Шавкат Бобозода изҳор дошт, ки дар шаш моҳ ҳиссаи саноат дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 16 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 2,2 фоиз бештар аст.

- Ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшуда 6,36 миллиард сомонӣ ва суръати афзоиш 112,1 фоизро ташкил дод. Вазорат инкишофи устувори кишварро дар шакли индустриалӣ ва инноватсионӣ пешбинӣ карда, баҳри баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираву имкониятҳо талош менамояд, — изҳор дошт номбурда.

Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба солҳои пеш афзоиш ёфта, Тоҷикистон аз кишвари воридкунандаи семент ба содиркунандаи он табдил ёфт. Зикр шуд, ки агар солҳои пеш ба шаҳри Исфара аз Ҷумҳурии Қирғизистон семент ворид мешуд, пас аз ба истифода додани корхонаҳои азими истеҳсоли семент аз шаҳри Исфара ба Қирғизистон ин намуди маҳсулот содирот мешавад. То имрӯз истеҳсоли семент дар ҷумҳурӣ ба як миллион тонна расида, 55,6 ҳазор тоннаи он ба хориҷи кишвар содир гардид.

Дар соҳаи мошинсозӣ низ дастовардҳо қобили мулоҳиза буда, бо зиёд шудани ҳаҷми истеҳсол дар КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 247 миллион сомонӣ расонида шуд. Дар ин давра корхонаҳои соҳаи  саноати маъдани кӯҳӣ низ пурсамар фаъолият намуда, нақшаи истеҳсоли тиллоро 102 фоиз ва нақшаи истеҳсоли нуқраро 100 фоиз таъмин карданд.

Инчунин, қайд шуд, ки дар арафаи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10  корхонаи азими саноатӣ  ба истифода дода мешавад. Ба истифода додани ҶСП «Ҷунтай-Данғара — Син Силу — Текстил дар ноҳияи Данғара, заводи семент бо иқтидори 1,2 миллион тонна ва заводи криолит дар ноҳияи Ёвон аз ҳамон ҷумлаанд.

 Ш. АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»