Аз нишастҳои матбуотӣ

Дар 6 моҳ 120 миллион доллари ИМА сармоя ворид гашт

№95 (4045) 06.08.2019

DSC_0026++ (1)Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода 31 июл зимни нишасти матбуотӣ доир ба фаъолияти шашмоҳа ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, ки ислоҳот ва ҷалби сармоя ба иқтисодиёти миллӣ имкон фароҳам овард, ки 5 созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расида, 3 — тои дигар таҳия ва тибқи тартиб барои баррасӣ ба вазорату идораҳои дахлдор пешниҳод гардад. Дар доираи созишномаҳо бо ҷалби 200 миллион доллари ИМА 7 корхонаи истеҳсолӣ бунёд хоҳад шуд. Бо дарназардошти баимзорасии созишномаҳои сармоягузорӣ, таъмини рушди иқтисодии кишвар, воридоти сармояи мустақими хориҷӣ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ тақрибан 120 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод.

Маълум гардид, ки ҳоло 70 лоиҳаи сармоягузории амалкунанда мавриди татбиқ қарор доранд, ки маблағи онҳо 31,8 миллиард сомониро ташкил медиҳад.

Доир ба нигоҳдорӣ ва истифодаи самараноки моликияти давлатӣ зикр гардид, ки мутобиқи талаботи қонунгузорӣ бо қарорҳои дахлдор 496 воситаи асосии давлатӣ ба маблағи умумии 36,5 миллион сомонӣ ба тавозуни дигар мақомоти давлатӣ гузаронида шуд.

Илова бар ин, аз ҳисоби хусусигардонӣ, суди саҳмияҳо ва ба иҷора супоридани моликияти ҷумҳуриявӣ 13 миллион сомонӣ ба буҷети давлатӣ ворид гардид.

 Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»