Аз нишастҳои матбуотӣ

Дар 6 моҳ 15 лоиҳаи нав

№91 (4041) 27.07.2019

DSC_0042- Яке аз дастовардҳои Муассисаи давлатии «Телевизиони «Сафина» дар нимсолаи якуми соли 2019 роҳандозии лоиҳа-озмуни байналмилалии «Осиёи Марказӣ истеъдод меҷӯяд» мебошад, ки дар ҳамкорӣ бо шабакаҳои телевизионии ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон амалӣ мегардад, — гуфт муовини якуми директори телевизиони мазкур Карим Азизов 24 июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ.

Ӯ ҳадафи асосии озмунро рушди фарҳангу ҳунар, дарёфти истеъдодҳои нав, баланд бардоштани мақому нуфузи ҷумҳурӣ дар сатҳи байналмилалӣ ва муаррифии шоистаи Тоҷикистон тавассути ҳунару маҳорати соҳибистеъдодҳои кишвар арзёбӣ намуд.

- Даври аввали озмун дар толори Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар сатҳи баланд ва бо иштироки садҳо меҳмон аз дохилу хориҷи кишвар баргузор гардид. Соҳибистеъдодҳо муайян шуданд, ки дар давраҳои минбаъда ҷумҳуриро муаррифӣ хоҳанд кард, — изҳор дошт ӯ.

Зикр гардид, ки дар шаш моҳи соли равон дар телевизиони «Сафина» 15 лоиҳаи нав амалӣ шуд ва шумораи умумии барномаҳо ба 68 адад расид. Дар як рӯз ба ҳисоби миёна то шаш соат бе такрор барнома пешниҳод карда шуд, ки 2 соаташ пахши мус­тақим мебошад.

Карим Азизов гуфт, ки «Сафина» телевизиони фарҳангист, вале рӯйдодҳои сиёсиву иқтисодии кишвар низ мадди назари кормандон қарор дорад.

Журналистон, ҳамчунин ба сатҳу сифати барномаҳо, фаъол набудани муассиса дар муборизаҳои иттилоотӣ, реклама ва ғайра таваҷҷуҳ карда, ба саволҳояшон посух ­гирифтанд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»