Аз нишастҳои матбуотӣ

Дар ДДҚ барои профессорон беш аз 4 ҳазор сомонӣ маош пешбинӣ шудааст

№16 (3810) 06.02.2018

Ректор (1)Аз 50 рисолаи докторию номзадии омодашуда 20 ададаш соли ҷорӣ дифоъ карда мешавад. Ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав Шодиён Муҳаммад Султонзода 29-уми январ зикр кард.    

Номбурда, инчунин афзуд, ки аз якуми январи соли ҷорӣ ба ҳайати профессорони донишгоҳ, ки шумораашон 14 нафар мебошад, барои як воҳиди корӣ беш аз 4 ҳазор сомонӣ маош пешбинӣ гардидааст

Шодиён Муҳаммад соли 2017-умро барои донишгоҳ соли бобарор арзёбӣ намуд. Дар радифи дигар нав­гониҳо кафедраи сиёсат ва идораи давлат таъсис ёфта, синфхонаҳои таълимӣ бо асбобу лавозимоти даркорӣ муҷаҳҳаз гардиданд, ки дар беҳдошти сифати таълим созгор аст.

Маъмурияти донишгоҳ ҷиҳати дастгирии донишҷӯён корҳои назаррасро ба сомон расонида, дар ин давра дар радифи кумакпулӣ, ҳамчунин донишҷӯёни ятиму нимятимро аз супоридани маблағи шартнома барои таҳсил пурра ва қисман озод намудааст. Аз шумораи умумии донишҷӯён 8 нафар гирандаи стипендияи Президенти мамлакат, 7 нафар гирандаи идрорпулии раиси вилоят ва ду нафар гирандаи стипендияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикис­тон маҳсуб меёбанд.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»