Аз нишастҳои матбуотӣ

Дар деҳоти кишвар беш аз 20 ҳазор иншоот бунёд мегардад

№87 (4037) 20.07.2019

DSC_0080- Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас меандешад, — изҳор дошт муовини раиси кумита Ёқуб Исмоилзода зимни нишасти матбуотӣ, ки 16 июли соли равон баргузор гардид.

Ҷиҳати иҷрои Амри Президенти мамлакат аз 13 декабри соли 2018 ва супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2019 низомнома, меъёрҳои муайян намудани ғолибон, рӯйхати ҳайат ва тақсимоти вазифаҳои аъзои гурӯҳи кории Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» барои солҳои 2019-2021 муайян гардида, маълумот оид ба ин намуди гул ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд. Дар давраи гузаронидани озмун кишвар ба гулбоғи лолаҳо табдил ёфт. Ҷамъбасти озмун 14 апрели соли 2019 дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсии пойтахт баргузор гашт. Он дар ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Тоҷикобод ва Лахш рӯзи ҷашни Ваҳдати миллӣ баргузор гардид. Вале ин чорабинӣ бо сабаби номусоидии боду ҳаво дар шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Деваштич, Шаҳристони вилояти Суғд ва ноҳияҳои Балҷувон, Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод, Темурмалик ва Ховалинги вилояти Хатлон дар вақти муайянгардида баргузор нашуд. Тасмим гирифта шудааст, ки солҳои 2020 ва 2021 низ озмун баргузор карда шавад.

Айни ҳол озмуни «Шаҳрак ва деҳоти беҳтарин» оғоз гардидааст, ки ҳадафи асосии он мусоидат ба рушди бештари деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумист.

Изҳори нигаронӣ шуд, ки айни ҳол барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии маҳаллӣ дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳо пурра амалӣ намешаванд. Масалан, дар шаҳри Кӯлоб иҷрои барнома 40 фоиз ва дар минтақаҳои дигар аз 40 то 70 фоизро ташкил медиҳад.

- Дар доираи омодагиҳо ва истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳоти кишвар бунёди беш аз 20 ҳазор иншоот ба нақша гирифта шудааст ва кумита дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар амалӣ намудани он мусоидат хоҳад кард, — изҳор намуд Ё. Исмоилзода.

Н. НИЗОМӢ,

«Садои мардум»