Дар ДМТ «Антиплагиат» бо забони тоҷикӣ фаъол шуд

№13 (3963) 02.02.2019

DSC_9680Соли сипаришуда дар шӯроҳои диссертатсионии ДМТ 675 рисолаи номзадию докторӣ ҳимоя шуд, — зикр кард ректори ДМТ Маҳмадюсуф Имомзода зимни ­нишасти матбуотие, ки 28 январ баргузор гардид.

Соли таҳсили 2017-2018 ба шуъбаҳои рӯзона ва ғоибонаи аспирантураву докторантураи донишгоҳ 86 нафар ба ҳайси аспирант ва 80 нафар ба ҳайси унвонҷӯ қабул шуданд. Бо дастгирии раёсати донишгоҳ 16 аспирант барои таҳия ва ҷамъоварӣ намудани маълумоти илмӣ ба хориҷи кишвар сафар карданд.

Соли 2018 дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея 11-умин Намоишгоҳи байналмилалии бонувони ихтироъкор баргузор гардид, ки дар он се омӯзгори факултети химия бо се медал — тилло, нуқра ва биринҷӣ баргаштанд.

Аз он изҳори қаноатмандӣ шуд, ки хонандаи синфи 10- уми литсеи донишгоҳ Ёсуман Исмонзода дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия дар олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни математикаи зеҳнӣ сазовори медали тилло гардид. Ба ғайр аз ин, дар олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни математика, ки бо иштироки 239 донишҷӯ аз 20 кишвари олам дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон бахшида ба бузургдошти риёзидони маъруф Муҳаммад-ал-Хоразмӣ баргузор гардид, ду донишҷӯйи факултети механикаю математика ҷойҳои 2-юм ва 3-юмро ишғол намуданд.

Навгонии қобили мулоҳиза он аст, ки ҷиҳати баланд бардоштани асолати корҳои илмӣ ва пешгирӣ аз нусхабардорӣ ва рӯбардоркунӣ дар назди раёсати илм ва навоварии техникии донишгоҳ Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ва ташхис ташкил гардид. Муҳимтар аз ҳама, барои муайян кардани асолати матни рисолаҳои илмӣ бори нахуст дар ҷумҳурӣ барномаи «Антиплагиат» ба забони тоҷикӣ фаъол гардида, соле, ки гузашт, 3434 рисолаи дипломӣ, 251 рисолаи магистрӣ аз ташхис гузаронида шуд.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА, «Садои мардум»