Дар Душанбе марказ барои баргузории намоишгоҳҳои байналмилалӣ бунёд мегардад

№13 (3963) 02.02.2019

Сахтумон ва Меъмори- Соли 2018 аз ҳисоби манбаъҳои сармоягузорӣ ба маблағи 13 миллиарду 51 миллиону 400 ҳазор сомонӣ сарф шуда, дар масоҳати умумии 1 миллиону 98 ҳазору 500 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуд.

Илова бар ин, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои 73000 хонанда, беморхона барои 107 кат, дармонгоҳ барои 260 қабул дар як баст ва муассисаҳои томактабӣ барои 1296 ҷой мавриди истифода қарор гирифт, — изҳор дошт раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода 29 январи соли 2019 зимни нишасти матбуотӣ.

Номбурда, афзуд, ки айни замон аз 65 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ таҳияи нақшаи генералии маркази 57 шаҳру ноҳия пурра ба анҷом расида, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд. Лоиҳаи нақшаҳои генералии маркази ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Бӯс­тон бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа гардида, барои тасдиқ ба Ҳукумати кишвар пешниҳод гардидааст. Лоиҳаи нақшаҳои генералии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Гулистон ва Шаҳритуз дар марҳилаи мувофиқа қарор дошта, таҳияи нақшаи генералии ноҳияҳои Данғараву Фархор идома дорад.

Номбурда, ҳамчунин зикр кард, ки Комиссияи байниидоравӣ оид ба баррасии лоиҳаи биноҳои маъмурӣ ва ҷамъиятӣ таъсис дода шуд, ки барои дуруст ба роҳ мондани ҷойгиркунии бино ва ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ будани тарҳ ва намои онҳо ба лоиҳакашон тавсия медиҳад. Соли гузашта 32 ҷаласаи он баргузор гардида, дар маҷмӯъ 272 лоиҳаи ангоравӣ ва корӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. 177 лоиҳа бо баинобатгирии таклифу пешниҳодҳои зарурӣ қобили қабул ҳисобида, барои пешниҳод ба Раёсати экспертиза тавсия дода шуд. Аз ҷумла, лоиҳаи ангоравии «Маркази намоишгоҳи байналмилалии ҷавобгӯй ба стандартҳои ҷаҳонӣ дар шаҳри Душанбе» пас аз мувофиқа бо Ҳукумати кишвар ҷиҳати дарёфти сармоя барои сохтмони он ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ пешниҳод шудааст.

 Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»