Нишастҳои матбуотӣ

Дар мавзеи «Дуои модар» меҳмонхонаи замонавӣ месозанд

№86 (3723) 20.07.2017

Раиси Варзоб- Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар ноҳияи Варзоб ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 8 миллиону 653 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 ду баробар зиёд аст. Кишоварзон бошанд, тайи ин муддат дар майдони 20, 27 гектар боғу токзори нав ­бунёд карданд, — гуфт раиси ноҳияи Варзоб Савзаалӣ Назирзода зимни нишасти матбуотӣ, ки 17 июли соли равон баргузор шуд. Номбурда, инчунин, изҳор намуд, ки бо мақсади кабудизоркунӣ 15 880 ниҳоли дарахти мевадиҳанда, 12570 дарахти сояафкан ва 6259 дарахту буттаҳои ороишӣ шинонида шуд.

- Барои нигоҳубини чорво қариб 67000 гектар замини ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритуз ва Хуросон ҳамчун чарогоҳ истифода мешавад. Саршумори чорвои калон дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 90 сар, чорвои хурд 2453 ва асп 68 сар зиёд шудааст, — афзуд Савзаалӣ Назирзода.

Аз идомаи гузориши раиси ноҳия маълум гардид, ки бо мақсади тақвияти инфрасохтори сайёҳӣ дар мавзеи хушманзараи «Дуои модар» дар майдони 1,3 гектар сохт­мони меҳмонхонаи замонавӣ оғоз шудааст. Соли равон танҳо дар зарфи як моҳи зимистон ба Маркази лижаронии «Сафеддара» 20000 нафар сайёҳ ташриф овардаанд. Роҳи ин мавзеъ, ки 14 километрро дар бар мегирад, навсозӣ мегардад.

Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Варзоб Раҷабалӣ Турсунзода гуфт, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ варзишгарони онҳо аз мусобиқаҳои байналмилаливу осиёӣ ва ҷумҳуриявӣ 66 медали тилло, 69 медали нуқра ва 67 медали биринҷӣ ба даст оварданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 38 медал зиёд мебошад.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»