Аз нишастҳои матбуотӣ

Дар МОИ ба маблағи 199,8 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид

№25-26 (4287-4288) 25.02.2021

DSC_4144- Бо мақсади таъмини суботи макроиқтисодӣ, кам кардани вобастагии иқтисоди миллӣ аз таъсири омилҳои манфии беруна, баланд бардоштани рақобатпазирии он ва диверсификатсияи истеҳсолот Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» манбаъҳои иловагӣ, аз ҷумла, рушди иқтисоди «сабз», иқтисоди рақамӣ, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди изофашуда, рушди саноати дорусозӣ, бозори молиявӣ ва истифодаи имкониятҳои хизматрасонии таълимию илмӣ ва транзитию сайёҳиро пешбинӣ намуд.

Дар ин бора вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода 19 феврали соли равон дар нишасти матбуотӣ маълумот дод. Зикр шуд, ки аз ҷониби вазорат лоиҳаҳои «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2021- 2025» ва «Барномаи давлатии рушди содирот барои солҳои 2021-2025» таҳия гардида, ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод шуданд.

Бино ба гуфти ӯ, соли сипаришуда дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ 43,3 миллион сомонӣ сармоягузорӣ шуда, аз он 24,3 миллион сомонӣ ба МОИ «Данғара», 16,9 миллион сомонӣ — МОИ «Суғд» ва 2,1 миллион сомонӣ ба МОИ «Панҷ» рост меояд. Маблағи маҳсулоти истеҳсолшуда дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ соли гузашта 199,8 миллион сомониро ташкил дода, 1091 ҷойи кор таъсис ёфт.

Сайфиддин СУННАТӢ,

 «Садои мардум»