Нишасти матбуотӣ

Дар нимсолаи аввал дар марказ 174 нафар аз донишгоҳу донишкадаҳо таҷриба омӯхтанд

№90 (3570) 15.07.2016

SДиректори Маркази тадқиқоти стратегӣ Худобердӣ Холиқназаров 11 июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ қайд намуд, ки Марказ ба ҳайси яке аз ниҳодҳои таҳлилӣ ва машваратии кишвар бо мақсади амалишавии стратегияҳои давлатӣ ва такмили механизми сиёсати дохилию хориҷӣ ва татбиқу тарғиби сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.

Шӯрои олимони Марказ дар ҳайати 21 нафар, аз ҷумла як академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳашт доктори илм ва ҳафт номзади илм фаъолият менамояд.

Марказ дар доираи созишномаҳои ҳукуматӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, аз қабили намояндагиҳои Созмони Милали Муттаҳид, САҲА, СҲШ, СПАД, Бонки умумиҷаҳонӣ, Фонди байналмилалии асъор, Созмони олмонии ҳамкории байналмилалӣ, Маркази дипломатияи пешгирикунанда (шаҳри Ашқобод) ҳамкориҳоро густариш медиҳад.

Марказ чанде пеш дар ҳамкорӣ бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон китобчаеро бо номи «Шиорҳо аз Паёму суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон» бо теъдоди 300 адад ба табъ расонида, ба гурӯҳҳои тарғиботӣ ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳо тақсим намуд.

Дар нимсолаи аввал дар Марказ аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 60 нафар, филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе 28 нафар, Донишкадаи соҳибкории Тоҷикистон се нафар, Донишгоҳи (славянии) Россияву Тоҷикистон 62 нафар, Донишгоҳи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 нафар, филиали Мактаби олии иқтисодии шаҳри Москва як нафар, дар маҷмӯъ 174 нафар таҷриба омӯхтанд.

Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2016 дар баробари фаъолияти илмию тадқиқотӣ баҳри тарғибу ташвиқи ҳамаҷонибаи дастовардҳо дар 25 соли Истиқлолияти давлатӣ, сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амалӣ намудани стратегияҳои давлатӣ дар таъмини рушди устувор, ҳифзи амнияти иттилоотӣ, ҳамчунин, татбиқи нақшаи табдил додани Тоҷикистон аз кишвари аграрию саноатӣ ба саноатию аграрӣ фаъолона ширкат варзид.

 

 

Саттор УМАРОВ, «Садои мардум»

Суратгир А. ИСОЕВ