Аз нишастҳои матбуотӣ

Дар Рашт 4 лоиҳаи технологӣ амалӣ хоҳад гашт

№95 (3889) 07.08.2018

1Марҳилаи сеюми Барномаи «Фонд­ҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфрасохтори коммуналӣ», ки оғози татбиқи он якуми июни соли 2014 буд, 30 июни соли равон ба анҷом расид. Дар доираи он 14 ноҳияи вилояти Хатлон бо 16 бинои замонавии муассисаи таълимӣ таъмин гардиданд. Дар ин бора директори иҷроияи Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон Шералӣ Сиддиқзода дуюми августи соли равон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Зикр шуд, ки дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ барои татбиқи барнома 504,5 ҳазор доллари ИМА сарф шудааст, ки 100,3 дарсади нақшаро ташкил медиҳад. Аз оғози татбиқи марҳилаи сеюми барнома 7 миллиону 473,7ҳазор доллари ИМА харҷ гардидааст, ки баробари 100 дарсади нақша мебошад.

Бино ба гуфти ӯ, соли равон аз ҳисоби  бақияи маблағҳои суратҳисоби  Барномаи «Сохтмони мактаб­ҳо ва инфрасохтори мувофиқ дар гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Рашт» дар  ноҳияҳои Нуробод, Рашт ва Тоҷикобод  чор лоиҳаи технологӣ амалӣ хоҳад шуд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»