Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№21 (4283) 16.02.2021

DSC_0319Понздаҳуми феврали соли ҷорӣ таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир ­Зокирзода ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар он ­масъалаҳо «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо», «Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Композит Т. А.» оид ба сохтмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикӣ дар шаҳри Душанбе», «Дар хусуси Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Барномаи рушди соҳаи энергетика», «Дар хусуси Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба Лоиҳаи «Устувории шабакаи роҳҳо», «Дар хусуси Созишнома дар бораи ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба таъмини омодагӣ дар ҳолати садамаи ядроӣ ё ба вуқӯъ омадани ҳодисаи садамаи радиатсионӣ ва кумаки мутақобила ҳангоми рафъи оқибатҳои онҳо», «Оид ба Протокол дар бораи қатъ кардани амали Созишномаи таъсиси Кумитаи байнидавлатии асъор аз 26 майи соли 1995», «Дар бораи ворид намудани илова ба Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2020 таҳти № 222», «Дар бораи гузориши роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҷамъбасти вохӯриҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон» ва «Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр гардидаанд» мавриди баррасӣ қарор гирифта, барои хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ирсол гардиданд.

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ