Аз нишастҳои матбуотӣ

Дар шаш моҳ 51 иштибоҳи табибон ошкор шуд

№84 (3721) 15.07.2017

DSC_0256Яке аз дастовардҳои соҳаи тандурустӣ дар шаш моҳи соли 2017 қабули Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ин нуктаро вазири тандурус­тӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода 12 июл зимни нишас­ти матбуотӣ зикр кард. Номбурда доир ба фаъолияти нимсолаи вазорат, вазъи сиҳатии аҳолӣ ва бемориҳое, ки табобаташон таваҷҷуҳи хосаро талаб менамояд, маълумот дода, афзуд, ки айни замон дар кишвар 41191 гирифтори бемории қанд ба қайд гирифта шудаанд. Барои таъмини онҳо бо инсулин Ҳукумати кишвар 3,5 миллион сомонӣ ҷудо намудааст.

Насим Олимзода илова кард, ки моҳи июни соли равон дар заминаи Муассисаи давлатии «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон» шуъбаи пайвандсозии мағзи устухон ба фаъолият шурӯъ намуда, аллакай дар ду бемор чунин амалиёт гузаронида шуд. Дар маҷмӯъ, дар ин муассиса 306 амалиёти пайвандсозии гурда ва 19 ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар гузаронида шудааст. Бинобар арзон будани нархи ин амалиёт нисбат ба давлатҳои дигар 36 шаҳрванди хориҷӣ дар кишвари мо аз он истифода кардаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ 51 иштибоҳи кормандони соҳаи тиб ба қайд гирифта, гунаҳкорон дар шакли ҷарима ва паст кардани дараҷаи тахассусӣ ҷазо дода шудаанд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»