Аз нишастҳои матбуотӣ

Дар шаш моҳ 530 ҳазор сайёҳ ба кишвар омад

№93 (3887) 02.08.2018

_DSC0082Дар шаш моҳи аввали соли 2018 тақрибан 530 ҳазор сайёҳи хориҷӣ ба кишвар омад. Имкон дорад, ки ин рақам  то соли 2020 ба беш аз як миллион нафар расад. Ин нуктаро раиси Кумитаи рушди сайёҳии  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода зимни нишасти матбуотӣ зикр кард. Теъдоди сайёҳони дохилӣ бошад, дар ин давра зиёда аз 300 ҳазор нафарро ташкил додааст.

Зикр шуд, ки дар робита ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» чорабиниҳои сатҳи милливу байналмилалӣ — Форуми байналмилалӣ дар осоишгоҳи «Зумрад»-и шаҳри Исфара, намоишгоҳҳои «Рӯзҳои оҳангарон», «Рӯзи заргарон» ва «Рӯзи чакандӯзон», фестивалҳои  «Марҳабо ба Хатлон»,  «Марҳабо ба Суғди бостон» ва «Марҳабо ба водии Рашт», «Наврӯз-мероси фарҳангии сайёҳӣ», ҳамоиш таҳти унвони «Қадамҳои устувор дар рушди  хизматрасониҳои сайёҳӣ» ва ғайра гузаронида шудааст, ки ба рушди соҳа такон мебахшад.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»