Аз нишастҳои матбуотӣ

Дар театрҳои кишвар 15 асари нав саҳнавӣ гардид

№91 (4196) 28.07.2020

DSC_0572Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Зулфия Давлатзода дар нишасти матбуотие, ки 24 июл доир гардид, изҳор дошт, ки муассисаҳои консертӣ дар 47 чорабинии сатҳи ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат намуда, 36 суруди тозаэҷод ва 23 номераи нави рақсиро пешниҳоди мухлисон намуданд. Инчунин, дар театрҳои касбии кишвар 15 асари нав саҳнавӣ гардид. Боиси зикр аст, ки сомонаи «Тур Стат» дар раддабандии беҳтарин театр­ҳои операвии ИДМ Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Сад­риддин Айниро ба даҳгонаи беҳтарин театрҳои операвии ИДМ шомил намуд.

Ҳоло дар ҷумҳурӣ 7075 муассисаи фарҳангӣ ва 87 боғи фарҳангию фароғатӣ амал мекунанд ва дар онҳо 1930 нафар корманд фаъолият  доранд.

- Аз 29 январ то 9 феврали соли 2020 дар фестивали байналмилалии «Сураҷкунд мелла», ки дар Ҷумҳурии Ҳиндустон баргузор гардид, 10 ҳунарманд иштирок намуда, соҳиби сипоснома ва ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, — изҳор дошт Зулфия Давлатзода.

Инчунин, хабарнигорон дар бораи асарҳои драмавӣ, ҷудо накардани ҳаққи қалам дар рӯзномаву маҷаллаҳои соҳавии вазорат, вазъи ногувори китобхонаҳо, аз ҷумла, Китобхонаи шаҳрии Норак, суол дода, посух гирифтанд.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА, «Садои мардум»