Дастовардҳои назарраси кишвар ба фаъолияти Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон иртибот доранд

№16 (3966) 09.02.2019

47016175441_7439bc8536_oҲафтуми феврал дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар маҷлис, ки аъзои Раёсат ва Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, фраксияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар Парламент, роҳбарони як қатор сохтору идораҳои дахлдор, кормандони масъули дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб, роҳбарон ва намояндагони кумитаҳои иҷроияи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, намояндагони воситаҳои ахбори омма, аъзои фаъоли ҳизб ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон — «Созандагони Ватан» ширкат варзиданд, натиҷаҳои фаъолияти дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб ва кумитаҳои иҷроияи вилоят, шаҳру ноҳияҳои кишвар дар соли 2018 мавриди баррасӣ қарор гирифта, нақшаи фаъолият барои соли 2019 муайян карда шуд.

Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлисро ифтитоҳ бахшида, рӯзномаи он — «Фаъолияти Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳои сохторҳои ҳизбӣ барои соли 2019»-ро ба баррасӣ гузоштанд.

Зимни суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки садоқат ба ормонҳои халқ ва соҳибиродаву бомасъулият будан ду рукни асосӣ, яъне ҷавҳару меҳвари Ҳизби халқии демократии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.

Зикр гардид, ки дар доираи татбиқи барномаҳои ҳизб барои ба сатҳи нави рушди устувори иқтисодӣ ворид шудани кишвар, хусусан бунёди корхонаҳои бузурге, ки ба баланд шудани сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидат хоҳанд кард, корҳои муҳим идома доранд.

Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қатъият ва далелҳои мушаххас хотиррасон намуданд, ки бештари дастовардҳои назарраси кишвар, албатта, ба фаъолияти Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон иртиботи ногусастанӣ дорад. Ҳизб бо ташаббусҳои бузурги созандаи сиёсӣ ва эҳсоси баланди масъулият барномаҳои нав, ғояҳои тоза ва стратегияҳои судмандро пешниҳод кард, инчунин, дар коркарди самтҳои муҳимтарин ва муносибатҳои ҳасанаи сиёсӣ фаъолона иштирок намуд, муҳимтар аз ҳама, ба пешрафти ҷанбаҳои калидии кор такони нав бахшид.

Имрӯз Ҳизби халқии демократии Тоҷикис­тон беш аз 460 ҳазор аъзо дорад, ки 220 ҳазорашро занон ташкил медиҳанд. Аз ин шумора, беш аз 176 ҳазори он ҷавонони аз 18 то 30-сола мебошанд, ки муҳаррики ҳизб буда, дар пешрафти ҳаёти кишвар нақши муассир доранд.

Ба таъкиди Раиси ҳизб, боло бурдани обрӯ ва нуфузи Ҳизби халқии демократии Тоҷикис­тон вазифаи ҷонии ҳар як узви он мебошад. Имрӯз ҳизб ба қувваи бузург табдил ёфтааст, ки ҷиҳати ҳалли саривақтии мушкили мардум бояд расидагӣ кунад.

Ташкилотҳои ҳизбӣ вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати ташаккули фарҳанги сиёсӣ, тақвияти маърифати ҳуқуқӣ, дӯст доштани Ватан-Модар, ҳифзи марзу бум, таҳкими истиқлол ва ваҳдати миллӣ корҳои таблиғотиро бештар ба роҳ монанд.

Баъд аз суханронии пурмуҳтавои Раиси ҳизб аъзои Кумитаи иҷроияи марказӣ ва ҷонибдорони фаъоли Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, аз ҷумла, Дилафрӯзи Абдулло — мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Солеҳҷон Амирҷонзода — узви ташкилоти ибтидоии «Сомониён»-и шаҳри Хоруғ, Фарҳод Абдувализода — сармуҳаррири рӯзномаи «Суғд ҳақиқати», Сайдалӣ Шамсов — роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон — «Созандагони Ватан» дар шаҳри Душанбе, Махфират Давлатзода — раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун, Умеда Абдурашидова — менеҷер оид ба ҳунарҳои мардумӣ дар вилояти Суғд, Сайидбек Мирзомуддинов — раиси ташкилоти ибтидоии «Иттиҳод», Ҷамшед Олимов — корманди Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бахтовар Сафарзода — раиси фраксияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд.

Дар ҷамъбаст муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки ҳар як узви ҳизб барои татбиқи вазифаҳои стратегии Давлату Ҳукумат, такмили низоми қонунгузорӣ, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, вусъат додани ғояҳои созандаи ватандӯстона, тақвият бахшидани худшиносӣ ва худогоҳӣ саҳми босазои худро мегузорад.

- Ҳамеша бояд дар хотир дошта бошем, ки узви Ҳизби халқии демократӣ будан ҳам ифтихору шараф ва ҳам масъулияти бузург дар назди халқу Ватан ва сарнавишти ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистони соҳибистиқлоли мост, — таъкид намуданд Эмомалӣ Раҳмон.

www.president.tj