ДАТ. Чор озмоишгоҳи замонавӣ ба фаъолият оғоз намуд

№16 - 17 (4122 - 4123) 04.02.2020

Соли 2019 аҳли Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ба як қатор дастовардҳо ноил гардид.

Аз ҷумла, дар ин ҷо барои боз ҳам беҳтар намудани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ чор озмоишгоҳи нав бунёд шуд. Дар ин бора 29 январи соли равон зимни нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ Усмон Муҳаммадёрзода иттилоъ дод.

- Озмоишгоҳи манбаъҳои барқароршавандаи энергия бо кумаки Ҷамъияти дӯстии Олмону Тоҷикистон бунёд гардидааст, ки ҳоло фаъолияти пурмаҳсул дорад, — афзуд номбурда.

Зикр шуд, ки роҳбарияти донишгоҳ ба ­масъалаи баланд бардош­тани сатҳи некуаҳволии кормандон таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад. Барои мисол, соли 2019 аз суратҳисоби махсус маоши омӯзгорон ва кормандон 10 фоиз зиёд шуд.

Ректор қайд кард, ки тавассути панҷ Шӯрои диссертатсионӣ як нафар рисолаи докторӣ ва 28 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя намуданд, ки 84, 6 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Дар давраи мавриди назар ба донишҷӯёни ятими кулл, маъюб, нимятим ва камбизоат (267 нафар) 15000 ва ба омӯзгорону кормандони эҳтиёҷманд 8905 сомонӣ кумак расонида шуд.

Ҷамшеди САБОҲИДДИН, «Садои мардум»