Аз нишастҳои матбуотӣ

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода: «1132 ҳолати вайрон кардани меъёрҳои муҳити зист ошкор шуд»

№15 (4121) 01.02.2020

ХИФ Мух Зист (1)- Соли сипаришуда муҳлати татбиқи «Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 — 2019» ба анҷом расид. Таҳлили ҷамъбастии нақша — чорабиниҳои барнома муайян намуд, ки он пурра иҷро шудааст, — иброз намуд зимни нишасти матбуотӣ (28 январи соли равон) раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зис­ти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода. Номбурда афзуд, ки айни замон таҳияи Барномаи нави давлатии экологӣ барои солҳои минбаъда идома дорад.

Зикр гардид, ки ҳамкориҳои кумита бо ташкилотҳои байналмилалӣ дар самти  таъмини риояи меъёрҳои экологӣ ва баланд бардоштани сатҳи назоратии ҳифзи муҳити зист, васеъ намудани доираи имконот ҷиҳати дастрасӣ ба иттилооти экологӣ хуб ба роҳ монда шудааст.

Дар давраи мавриди назар Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ бо Вазорати экология ва ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Халқии Хитой тасдиқ шуд. Ҳамзамон, Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Шӯрои Федералии Швейтсария дар соҳаи тағйир­ёбии иқлим, паст кардани хатарҳои офатҳои табиӣ, устуворӣ ва банақшагирӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардид ва дар доираи сафари расмии Пешвои миллат ба шаҳри Женева ба имзо расид.

Тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъект­ҳои хоҷагидор» дар давоми соли 2019-ум 1861 санҷиш гузаронида, барои риоя накардани қонунгузорӣ 27393 пешниҳоди иҷрояшон ҳатмӣ дода шуд.

Инчунин, барои риоя накардани меъёру стандартҳои экологӣ ва қонунвайронкунӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист нисбат ба 9494 шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ чораҳои маъмурӣ андешида шуданд. Илова бар ин,  1132 ҳолати дағалона вайрон кардани меъёрҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист  ошкор ва як миллиону 387 ҳазор сомонӣ зарар муайян гардид.

Бо мақсади беҳдошти муҳити зист ва таъмини амнияти экологии аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 479 аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд, ки дар он ҳазорҳо сокини ҷумҳурӣ иштирок ва партовҳои истеъмолию маиширо ҷамъоварӣ намуданд.

Ҷамшеди САБОҲИДДИН, «Садои мардум»