Аз нишастҳои матбуотӣ

ДДОТ. Қаноатмандӣ аз иштироки донишҷӯён дар озмунҳо

№15 (4121) 01.02.2020

РЕктори Донишгохи омузгори Нуъмончон Гаффори- Бо дастгирии лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон соли гузаш­та ду лоиҳа — «Ҳамгироии ­технологияи информатсионӣ дар раванди таълим ҳамчун омили баланд бардоштани сифати таълим» ба маб­лағи 2755 ҳазор сомонӣ ва «Беҳтар гардонидани шароити зисти духтарон дар хобгоҳ-ҳамчун ангезиши дохилшавӣ ба ДДОТ аз минтақаҳои кӯҳистон» ба маблағи 360 ҳазор сомонӣ қабул гардид, ки айни замон татбиқ шуда истодаанд, — зикр намуд ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Сад­риддин Айнӣ, доктори илмҳои таърих, профессор Нӯъмонҷон Ғаффорӣ.

Тибқи иттилои номбурда, соли сипаришуда дар ДДОТ аз тарафи устодону аспирантон ва унвонҷӯён 56 рисолаи илмӣ дифоъ шудааст. Ҳоло дар донишгоҳ 3 Шӯрои диссертатсионии Комиссияи олии аттес­татсионии Федератсияи Россия доир ба илмҳои педагогика, филология ва география ва 3 Шӯрои Комиссияи олии аттестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба илмҳои филология, химия, биология, методикаи таълими забонҳои хориҷӣ амал менамоянд.

Аз он изҳори қаноатмандӣ карда шуд, ки донишҷӯён соли сипаришуда аз рӯи 13 самти илм барои дарёфти Ҷоми Академияи илмҳои Тоҷикистон дар озмун иштирок карда, соҳиби 8 ҷой ва дипломи дараҷаи 2-юм гардиданд. Илова бар ин, донишгоҳ дар Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯён миёни 38 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар сазовори ҷои дуюм шуд.

Дастоварди назарраси дигаре, ки ректор ифтихор кард, соҳиби медали биринҷӣ гардидани муҳаққиқи ҷавон Фарзона Абдуҷалилзода мебошад. Лозим ба ёдоварист, ки номбурда бо ихтирои худ — «Дастгоҳи комплекси офтобӣ барои ҳосил намудани энергияи электрикӣ ва гармӣ» дар 12-умин Намоишгоҳи байналмилалӣ ва Форуми занони ихтироъкор дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ ширкат варзид.

Ҳоло дар донишгоҳ донишҷӯёни аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар се шакл — рӯзона, ғоибона ва фосилавӣ аз тариқи квота ва дар асоси шартнома таҳсил мекунанд.

Ҷамшеди САБОҲИДДИН, «Садои мардум»