Аз нишастҳои матбуотӣ

ДДТТ дар раддабандии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷои ҳаштумро ишғол кард

№14 (3808) 01.02.2018

МуовинМуовини ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Қобилҷон Толибов зимни нишасти матбуотӣ, ки 25 январи соли 2018 баргузор гардид, аз ду дастовард — ғолибияти духтарон дар озмунҳо ва яке аз аввалинҳо шуда, ба низоми таҳсилоти фосилавӣ гузаштани донишгоҳ ёдовар шуд.

Ӯ қайд намуд, ки дар нимсолаи дуюми соли 2017 ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси ба талаботи бозори меҳнат рақобатпазир, афзун намудани дастовардҳои илмӣ корҳои муайянеро ба анҷом расониданд.

- Донишгоҳ мувофиқи рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки аз рӯйи 36 нишондод муайян мегардад, дар байни 30 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ҷой ҳаштумро ишғол намуд, — гуфт Қ.Толибов.

Зикр гардид, ки дар донишгоҳ 16 кафедра аз ҷумла 4 кафедраи умуми –таълимӣ ва 12 кафедраи тахассусӣ фаъолият менамоянд. ҳоло аз рӯйи 16 ихтисос, тибқи барномаи «Бакалавр» мутахассисонро тайёр мекунад. Дар нимсолаи дуюми соли гузашта раёсати донишгоҳ барои 5 соли минбаъда ҷиҳати таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ бо мақомот ва корхонаву муассисаҳои шакли моликияташон гуногуни кишвар шартномаи ҳамкорӣ ба тасвиб расонид.

Донишҷӯёни донишгоҳ дар чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Аз ҷумла, донишҷӯён Зебо Шарофзода ва Шаҳло Тӯраева дар озмуни «Беҳтарин хонандаи китобҳои Пешвои миллат» фаъолона иштирок намуда, аз беҳтаринҳо дониста шуданд.

А.МИРЗОЗОДА, «Садои мардум»