Нишасти матбуотӣ

ДДЗТ. Робитаҳои хориҷӣ хуб ба роҳ монда шудааст

№95-96 (3575-3576) 28.07.2016

21 июли соли равон дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Ректори донишкада Раҷабзода Маҳмадулло иброз намуд, ки дар донишкада чор факултет — романию германӣ, забонҳои шарқ, филологияи рус ва филологияи тоҷик амал мекунад. Инчунин, 13 кафедра аз рӯи 27 ихтисос фаъолият дорад. Дар донишкада 181 нафар омӯзгор кор мекунад, ки аз ин шумора 13 нафараш доктори илм, профессор, 28 нафар номзади илм, дотсент, 20 нафар номзади илм мебошанд. Онҳо ба 2501 нафар донишҷӯ таълим медиҳанд.

- Донишкадаро солҳои хониши 2015 — 2016 — ум 320 нафар (се нафар бо дипломи аъло), хатм карданд.

Робитаҳои хориҷии таълимгоҳи хуб ба роҳ монда шудааст. 19 нафар омӯзгор: ҳашт нафар аз Ҷумҳурии Мардумии Чин, панҷ нафар аз Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ, як нафар аз Ҷумҳурии Мисри Араб, ду нафар аз кишвари Ҷопон, як нафар аз ИМА, як нафар аз Бразилия, як нафар аз Ҷумҳурии Исломии Эрон дар донишкада ба донишҷӯён таълими забон медиҳанд.

- Дар донишкада 205 нафар донишҷӯ тибқи квотаи президентӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки 137 нафараш духтар ва 112 нафараш писаронанд, — гуфт Раҷабзода Маҳмадулло.

 Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»