Аз нишастҳои матбуотӣ

ДЭТ бо 36 муассисаи олии касбии хориҷӣ ҳамкорӣ дорад

№92 (4042) 30.07.2019

IMG_20190722_083952- Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи энергетика ва таъминот бо кадрҳои баландихтисос 24 донишҷӯи Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар таҳсилро давом дода истодаанд. Ба ғайр аз ин, се аспирант ҳимояи рисолаи номзадиро дар хориҷи кишвар ба анҷом расонида баргаштанд, — иброз намуд ректори донишкада Назарзода Хайрулло зимни нишасти матбуотӣ, ки 22-уми июли соли равон баргузор гардид.

Номбурда қайд кард, ки нуҳ донишҷӯ аз хориҷи кишвар дар донишкада таҳсил менамоянд, ки 6 нафарашон аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мебошанд. 52 омӯзгору унвонҷӯи донишкада дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибонаи аспирантураҳои дохил ва хориҷи кишвар таҳсил намуда истодаанд. Аз ин шумора 19 нафар омӯзгори ҷавон барои таҳсил ба шуъбаҳои рӯзона ва ғоибонаи аспирантураи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия сафарбар шудаанд.

Бино ба иттилои Назарзода Хайрулло, роҳбарияти донишкада бо 36 муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар, аз ҷумла, Донишкадаи политехникӣ, Донишгоҳи миллии техникии Украина, Донишгоҳи сохтмон ва меъмории Киев ва Донишгоҳи техникӣ ва сохт­мони шаҳрвандии Бухарести давлати Руминия шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.

 Сулаймон Султонов,«Садои мардум»