Аз нишастҳои матбуотӣ

ДМТ дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар ҷои аввал аст

№14 (4120) 30.01.2020

Khojaev1Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 27 январи соли ҷорӣ таҳти раёсати  Тоир Хоҷазода — муовини якум, муовини ректори ДМТ оид ба таълим нишасти матбуотӣ доир гардид. Номбурда роҷеъ ба дастовардҳои донишгоҳ  дар соли 2019 маълумоти мухтасар пешниҳод кард. Аз суханони Т. Хоҷазода бармеояд, ки дастовардҳои ин муассисаи бонуфузи олии таълимӣ дар соли сипаришуда хеле зиёд аст. Аз ҷумла, соли 2019 ДМТ аз аккредитатсияи Хадамоти  давлатии назорат дар соҳаи маориф бомуваффақият гузашта, соҳиби шаҳодатнома шудааст. Дар рейтинги  муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ низ, ки аз рӯи 36 нишондиҳанда муайян мегардад, донишгоҳ сазовори ҷои якум гаштааст. 

Фаъолияти илмии донишгоҳ низ назаррас арзёбӣ шуд. Иттилоъ гирифтем, ки соли 2019 аз 1314 устоду корманди илмии донишгоҳ 1195 нафар  дар 53 самт — 109 масъала ва 132 мавзӯъ таҳқиқот гузаронидаанд. Аз ҷониби омӯзгорони донишгоҳ 5534 маводи илмӣ (монография, китоби дарсӣ, воситаи таълимӣ, дастури методӣ, мақола ва ғайра) таҳия гардида, 335 маводи илмӣ дар воситаҳои ахбори оммаи хориҷа ба нашр расидааст. Дар соли сипаришуда 18 нафар рисолаи докторӣ ва  155 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намудаанд.

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо 283 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ  — таҳқиқотии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ дошта, аъзои Донишгоҳи шабакавии ИДМ ва Донишгоҳи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, Ассотсиатсияи донишгоҳҳои АвруОсиё ва дигар созмонҳои таълимии байналмилалӣ мебошад. Соли гузашта ДМТ бо 29 муассисаи таълимии олии хориҷӣ, марказҳои илмӣ ва созмонҳоли байналмилалӣ созишнома ва ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расонидааст.

Қайд гардид, ки айни ҳол шумораи донишҷӯён аз 23 656 нафар иборат аст. Теъдоди  донишҷӯёне, ки дар 14 факултети донишгоҳ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд, 259 нафарро ташкил медиҳад. Дар 117 кафедраи донишгоҳ 1272 нафар омӯзгор, аз ҷумла, 13 академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 14 узви вобастаи Академияи  илмҳо, 179 доктори илм, 534 номзади илм ҷалб шудаанд. Ба илова, 231 нафар ба ҳайси омӯзгорони ҳамкор ва соатбайъ фаъолият менамоянд.

 

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»