Аз нишастҳои матбуотӣ

Донишкадае, ки дар «Даҳгонаи беҳтарин» аст

№15 (3652) 14.02.2017

Донишкадаи ИдоракуниРисолати Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ ва мутахассисони соҳаи муносибатҳои байналхалқӣ аст, — изҳор дошт ректори донишкада Лутфия Абдухолиқзода зимни нишасти матбуотӣ, ки чанде пеш баргузор шуд.

Айни замон дар донишкада 137 омӯзгор ба фаъолияти таълимию илмӣ машғуланд, ки 85 нафар дорои дараҷаҳои илмӣ мебошанд.

Таълимгоҳ  дар «Даҳгонаи беҳтарин» муассисаҳои олии кишвар мақом дошта, бо Бунёди «Ҳаннс Зайдел»-и Германия, донишкадаҳои идоракунии давлатии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ дорад.

 А. МИРЗОЕВ, «Садои мардум»