Аз нишастҳои матбуотӣ

Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон 15-сола мешавад

№25-26 (4287-4288) 25.02.2021

Диловаршо Исозода- Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлолият буда, дар рӯзҳои баргузории чорабиниҳо бахшида ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ, 15 — солагии он низ таҷлил карда мешавад, — гуфт ректори он Диловаршо Исозода зимни нишасти матбуотӣ.

Дар донишкада аз шумораи умумии омӯзгорон 35 нафарашон дорои дараҷаи илмии номзади илм ва доктори илм буда, 28 омӯзгору унвонҷӯ дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибонаи аспирантураҳои дохил ва хориҷи кишвар таҳсил менамоянд.

Дар нимсолаи якуми соли 2020 панҷ нафар аспирантону унвонҷӯён рисолаҳои номзадиро ҳимоя карда, сазовори дараҷаи илмии номзади илм гардиданд. Ҳафт нафар унвонҷӯ марҳилаи пеш аз дифоиро ба анҷом расонидаанд ва рисолаҳои номзадиашон дар арафаи ҳимоя мебошанд.

- Боиси хушнудист, ки панҷ нафар донишҷӯёне, ки донишкадаро бо баҳои хубу аъло хатм карданд, ҳамчун омӯзгор ба кор қабул гардиданд, — гуфт дар фарҷом Д. Исозода.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»