Аз нишастҳои матбуотӣ

Донишкадаи омӯзгории Рашт ба синфхонаҳои лингафонӣ ниёз дорад

№93 (4043) 01.08.2019

ДОНИШ- Дар таълимгоҳ донишҷӯёну устодон ба бахшҳои иловагии омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ фаро гирифта шудаанд, — гуфт дар нишасти матбуотӣ ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт Идизода Файзалӣ ва афзуд: — Дар асоси шартномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия барои беҳтар кардани сатҳи аз худ намудани забони русӣ ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисос бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ду омӯзгор ба донишкада фиристода шуданд.

- Бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар гурӯҳҳои академӣ дарсҳои тарбиявӣ гузаронида, навори манзараҳои зебои водии Рашт ва дигар манотиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳунарҳои миллӣ ва ғайра омода карда шуд. Чорабиниҳои варзишӣ низ мунтазам доир гардида истодаанд. Аз ин хотир, ҷалби донишҷӯён ба варзиш тамоюли афзоишро касб намудааст. Варзишгарон дар мусобиқаҳои варзишии ноҳия ва ҷумҳурӣ фаъолона иштирок менамоянд. Аз ҷумла, онҳо дар минтақа дар бозиҳои волейбол сазовари ҷойи 1-ум, футбол ҷойи 3-юм ва гӯштини миллӣ сазовори се ҷойи ифтихорӣ гардиданд. Дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла, бадминтон 3 нафар медали тиллоро соҳиб шуданд. Новобаста аз муваффақиятҳо камбудиҳо низ мавҷуданд, ки нарасидани устодони дараҷаи илмидошта, омӯзгорони ихтисосҳои рӯзноманигорӣ, забон ва адабиёти тоҷик, математика, физика, география ва ҳифзи табиат, информатика ва забони русӣ, набудани синфхонаҳои лингафонӣ, матбааи хурд, хобгоҳ аз ҳамин ҷумлаанд, — гуфт ректори донишкада.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»