Аз нишастҳои матбуотӣ

Довталабон ба ихтисосҳои табиӣ ва техникӣ камтаваҷҷуҳанд

№95 (3889) 07.08.2018

Директор НЦТ ИкромзодаШумораи довталабоне, ки имсол дар имтиҳонҳои дохилшавӣ иштирок карданд, 82 ҳазор нафарро ташкил медод, ки аз ин 22 ҳазор нафар ба озмуни тақсимотӣ роҳ наёфтанд.

Нақшаи қабули имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ соли ҷорӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбӣ 67 ҳазору 844 нафар муайян шуд, — гуфт директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Икромӣ 3 август зимни нишасти матбуотӣ.

Номбурда аз он изҳори нигаронӣ кард, ки довталабон имсол низ ба ихтисосҳои техникӣ кам таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Дар интихоби касб онҳо ба соҳаҳои иҷтимоӣ афзалият медиҳанд. Тавре аз таҳлилҳо бармеояд, таваҷҷуҳи довталабон ба гурӯҳҳои 4 (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) ва 5 (тиб, биология ва варзиш) бештар аст.

Ба гуфти Хуршед Икромӣ, довталабон то давраи ҳуҷҷатсупорӣ доир ба ихтисосҳои табиӣ ва техникӣ, қариб ки маълумот надоранд, аз ин сабаб бештар дигар ихтисосҳоро интихоб мекунанд. Падару модарон низ нисбат ба интихоби фарзандон бетафовутӣ зоҳир мекунанд.

Таъкид гардид, ки вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маориф ва илм ва дигар муассисаҳоро, ки барои тайёр кардану бозомӯзии кадрҳо вазифадоранд, зарур аст, ки низоми пешниҳоди иттилоотро доир ба бозори меҳнат беҳтар созанд.

Ҷамшеди САБОҲИДДИН, «Садои мардум»