Аз нишастҳои матбуотӣ

ДСРТ. Шумораи донишҷӯёни хориҷӣ коҳиш ёфт

№18 (4280) 09.02.2021

Тохир хочазода ректори ДСТ- Шумораи донишҷӯёни шуъбаи рӯзонаи донишгоҳ соли 2020 аз 3257 то 4447 нафар ва шуъбаи ғоибона аз 1523 то 1764 нафар расид, — изҳор намуд ректори Муассисаи байнидавлатии таҳсилоти олии Донишгоҳи славянии Россия — Тоҷикистон  Тоҳир Хоҷазода зимни нишасти матбуо­тие, ки 5 феврали соли равон баргузор гардид.  Ӯ афзуд, ки бо вуҷуди мушкилоте, ки COVID-19 ба вуҷуд овард, нақшаи қабули донишҷӯёни дохили кишвар иҷро гардид.

Вале қабули донишҷӯён аз хориҷи мамлакат назаррас коҳиш ёфт. Агар соли 2019 ба донишгоҳ 300 шаҳрванди хориҷӣ дохил шуда бошанд, соли 2020 шумораи онҳо 51 нафарро ташкил дод. Ҳоло шумораи умумии донишҷӯёни хориҷӣ дар донишгоҳ 389 нафар аст, ки аксари онҳоро шаҳрвандони Ӯзбекистон, Туркманистон ва Хитой ташкил медиҳанд. Барои ҷалби бештари донишҷӯёни хориҷӣ роҳбарият ният дорад, ки тарзи фосилавии таҳсилотро роҳандозӣ намояд.

Яке аз масъалаҳое, ки ҳамеша дар мадди назари роҳбарият ва устодон қарор дорад, бо кор таъмин намудани хатмкардагони донишгоҳ мебошад. Соли гузашта ба ҷуз аз 11 нафар, ки таҳсилро дар магистратура идома медиҳанд, ба ҳамаи хатмкардаҳо барои кор роҳхат дода шуд. Ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани ин масъала айни ҳол 102 шартномаи дарозмуддат барои ташкилу гузаронидани таҷрибаомӯзии донишҷӯён бо муассисаҳои гуногун баста шудааст.

- Дар донишгоҳ ба омӯзиши илмҳои дақиқ низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда мешавад,- таъкид намуд Т. Хоҷазода,- Чанде пеш Маркази захиравӣ оид ба илмҳои дақиқ таъсис ёфт, ки  барои омӯзиши беҳтари илмҳои дақиқ ва гузаронидани тадқиқоти илмӣ мусоидат хоҳад кард.

Н. НИЗОМӢ,

 «Садои мардум»