Аз нишастҳои матбуотӣ

ДТТ. Ғолибони озмуни «Илм — фурӯғи маърифат» аз пардохти маблағи таҳсил озод мегарданд

№97 (4359) 27.07.2021

DSC_6204- Айни замон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ 11639 нафар таҳсил доранд, ки 573 нафарашон шаҳрванди хориҷӣ мебошанд, — иттилоъ дод ректори муассиса Қудрат Давлатзода 22 июли соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ.

Бино ба гуфти ӯ, дар ДТТ 612 омӯзгор фаъолият доранд, ки 41 нафарашон доктори илм ва 244 кас номзади илм мебошанд.

Зикр шуд, ки донишгоҳ дорои неруи пуриқтидори илмӣ-техникии ҷавобгӯ ба талаботи муосир буда, кормандони он вобаста ба рушди соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия, энергетика, технологияҳои иттилоотӣ, шабакаҳои алоқа, сохтмон ва меъморӣ, радиотехника, металлургия, технологияи кимиёвӣ ва ғайра корҳои илмӣ-тадқиқотиро пеш мебаранд.

- Бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ 110 мавзӯи рисолаи илмии аспирантону унвонҷӯён, докторантони PhD ва мавзӯъҳои докторӣ тасдиқ гардиданд, ки ин рақам дар қиёс ба соли гузашта 22 адад зиёд аст. Дар хориҷи кишвар аз ҳисоби олимони ҷавони донишгоҳ 40 нафар дар аспирантура таҳсил мекунанд, ки се нафарашон моҳи июн рисолаи номзадӣ ҳимоя карданд. Дар шӯроҳои диссертатсионии донишгоҳ ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия 22 нафар устодони муассиса рисолаи илмӣ ҳимоя карданд, — изҳор дошт Қ. Давлатзода.

Мувофиқи қарори Шӯрои олимони донишгоҳ, донишҷӯёне, ки дар озмуни «Илм — фурӯғи маърифат» ширкат варзида, сазовори ҷойҳои 1, 2 ва ё 3 мегарданд, аз пардохти маблағи таҳсил пурра озоданд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

 «Садои мардум»