Аз нишастҳои матбуотӣ

Дубляжи 30 филми бадеӣ бо давомнокии 45 соату 40 дақиқа дар шаш моҳ

№97 (4359) 27.07.2021

IMG_7637- Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» барои ҷалби кадрҳои ҷавон моҳҳои феврал — апрели соли равон озмун гузаронид. Дар даври аввали он зиёда аз 100 довталаб иштирок намуда, 20 кас ба даври дуюм роҳ ёфтанд. Пас аз гузаштани марҳилаи омӯзишӣ ба 11 нафари онҳо барои фаъолият дар муассиса имкон дода шуд, — зикр намуд муовини якуми директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» Карим Азизов зимни нишасти матбуотӣ, ки 22 июли соли 2021 баргузор гардид.

Дар шашмоҳаи аввали соли равон вобаста ба татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат ва пешбурди сиёсати иқтисодии он 12 нашри барномаи «Тавозун» вобаста ба таъмини саломатии ҷомеа ва вазъи эпидемиологӣ, 18 нашри барномаи «Ганҷи бебаҳо» ва доир ба масъалаҳои муҳими сиёсиву иҷтимоӣ 10 нашри барномаи «Меҳвар» таҳия ва пешниҳод шуд.

Мавзӯъҳои дигаре, ки дар ин давра мавриди таваҷҷуҳ қарор доштанд, озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ва эълони озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» мебошанд.

Ҳамчунин, дар давраи мавриди назар аз тарафи идораи таҳия ва дубляжи филмҳо 30 филми бадеӣ бо давомнокии 45 соату 40 дақиқа тарҷума ва дубляж шуд.

Мафтунаи ҲИСОРӢ,

«Садои мардум»