Аз нишастҳои матбуотӣ

Душанбе. Дар се соли оянда 74 коргоҳу корхонаи саноатӣ бунёд мешавад

№93 (4043) 01.08.2019

Шахри Душ- Истифодаи самараноки иқтидорҳои нав ва роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру воридотивазкунанда ба афзоиш ёфтани соҳаи саноати шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Дар ин давра аз ҷониби 462 корхонаи саноатӣ, новобаста аз шакли моликият, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба як миллиарду 263,4 миллион сомонӣ расонида шуд, ки суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22,8 дарсад зиёд мебошад. Ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ, ки 26 июл баргузор шуд, муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода зикр кард.

Номбурда афзуд, ки дар ин давра рушди Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 122,8 дарсад, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ — 114,3, гардиши савдо — 106,8, мусофиркашонӣ — 117 ва боркашонӣ 102,9 дарсад таъмин гардид. Ҳоло барои оғози фаъолият 47 корхонаву коргоҳи истеҳсолӣ бо 643 ҷойи нави корӣ ба қайд гирифта шудааст.

- Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо оид ба корҳои созандагӣ барои солҳои 2019 — 2021 дар шаҳри Душанбе тасдиқ гардидааст, ки дар доираи он аз ҷониби шахсони эҳсонкор ва ташкилоту муассисаҳо 4095 чорабинии гуногун, бахусус, бунёди иншооти иҷтимоию саноатӣ ва савдою хизматрасонӣ, ба нақша гирифта шудааст. Дар се соли оянда бунёди иншооти зиёд, аз ҷумла 21 муассисаи таълимӣ бо 18594 ҷойи нишаст, 74 коргоҳу корхонаи саноатӣ, 24 сартарошхона ва кошонаи ҳусн ва 133 бинои баландошёна пешбинӣ гардидааст. То якуми июли соли ҷорӣ 653 чорабинӣ, аз ҷумла рангубори 448 бино ва азнавсозии 112 нуқтаи партовпартоӣ амалӣ карда шуд, ки 16 дарсади иҷрои нақшаи умумиро ташкил медиҳад,  — гуфт Маҳмадсаид Зувайдзода.

Р. УМАР, «Садои мардум»