Аз нишастҳои матбуотӣ

Ф. Қаҳҳорзода: «Қарзи хориҷии ҷумҳурӣ ба 38,9 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар аст»

№96 (3890) 09.08.2018

Молия (3)-Дар нимсолаи якуми соли 2018 афзоиши воқеии Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ ба 7,2 фоиз баробар гардид, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаришуда 1,2 фоиз зиёд мебошад. Ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ин давра ба 27,7 миллиард сомонӣ баробар шуд ва афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,7 миллиард сомониро ташкил дод, — гуфт вазири молияи мамлакат Файзиддин Қаҳҳорзода сеюми августи соли равон зимни нишасти матбуотӣ.

Аз он изҳори қаноатмандӣ гардид, ки дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатӣ бо дарназардош­ти қарзу грантҳо барои амалӣ намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва маблағҳои махсус ба 10393,9 миллион сомонӣ баробар гардида, иҷрои нақша 101,4 фоиз таъмин гардид.

Дар баробари ин, даромади ҷории Буҷети давлатӣ 102,3 фоиз таъмин ва ба он 8407,6 миллион сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 187, 6 миллион сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1628,0 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Инчунин, зикр шуд, ки аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ ба буҷет 2318,4 млн. сомонӣ ворид гардид, ки 102,7 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Аз ин ҳисоб нисбат ба нақша 61,1 миллион сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 361,9 миллион сомонӣ маблағ бештар дохил гардид.

Бино ба гуфти Файзиддин Қаҳҳорзода, дар нимсолаи якуми соли 2018 барои пардохти музди меҳнат зиёда аз 2,2 миллиард сомонӣ, идрорпулӣ, нафақа, ҷуб­ронпулӣ ва кумакпулиҳо 1,2 миллиард сомонӣ ҷудо гардидааст.

Дар баробари татбиқи 64 ­лоиҳаи муштараки сармоягузорӣ, ки маб­лағи умумиашон 3,0 миллиард доллари амрикоиро ташкил менамояд, иқдомҳои зарурӣ барои ҷалб ва дарёфти захираҳои иловагии молиявӣ роҳандозӣ гардиданд. Дар натиҷа, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 8 созишномаи қарзию грантӣ ба маблағи 267,5 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расонида шуд, ки аз он грант 153,3 млн. доллари амрикоӣ ва қарз 114,2 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳанд.

Ҳамчунин маълум гардид, ки қарзи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон 2893,3 миллион доллари ИМА — ро ташкил медиҳад, ки ин ба 38,9 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар мебошад.

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»