Аз нишастҳои матбуотӣ

Фаъолият гуногунсамт буду пешниҳодот боманфиат

№84 (3721) 15.07.2017

Rush-Mahal-Муовини раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҷӯразода Тоҷиддин вобаста ба фаъолият дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ дар ҳузури хабарнигорон зикр кард, ки Кумита дар асоси вазифаи низомномавӣ барои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷамоатҳо нишондиҳандаҳои раванди рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳрак ва деҳот оид ба масъалаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ, тараққии соҳаи зотпарварӣ, азхудкунии заминҳои нав, фарогирии аҳолии қобили кор бо таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва ба ин монанд масъалаҳоро муайян намуд.

Бо мақсади татбиқи иқдоми Пешвои миллат вобаста ба Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дар барномаҳои нави рушди иҷтимоӣ- иқтисодии вилоят, шаҳру ноҳияҳо додани афзалият барои дастрасии аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ тавсияҳо омода гардид. Мутахассисон ҷиҳати такмили низоми идоракунии маҳаллӣ ва таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот омӯзиши фаъолияти ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Шаҳринавро дар раванди татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» гузаронида, роҳҳои бартараф намудани норасоиҳои ошкоршударо дар ҷаласаи ҳайати мушовара муайян намуданд.

Баҳри арзёбии раванди амалигардонии барномаҳои минтақавӣ ва соҳавӣ натиҷаи таҳлили амалигардонии «Барномаи рушди иҷтимоӣ – иқтисодии ноҳияи Рашт барои солҳои 2012-2016» низ дар ҷаласаи ҳайати мушовара баррасӣ шуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ва дар оянда такрор нашудани онҳо дар таҳия ва татбиқи барномаҳои нав пешниҳодоти зарурӣ сурат гирифт.

- Ҳамчунин, лоиҳаи Тартиби гузаронидани озмун барои муайян намудани беҳтарин мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилоти давлатии ҷумҳуриявӣ оид ба корҳои ободонӣ, бунёди гулгаштҳо, кабудизоркунӣ ва сохтмони майдончаҳои варзишӣ дар шаҳри Душанбе таҳия ва ба комиссияи озмуни ҷумҳуриявӣ пешниҳод  шуд.

Дар баробари ин, мутахассисон нақшаҳои генералии шаҳру ноҳияҳои Панҷакенту Гулистон, Шаҳрис­тону Айнии вилояти Суғд, Душанбе, Мурғоби ВМКБ, Панҷ, Ховалинг, Қубодиён, Ҷайҳун, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлонро мавриди омӯзиш қарор дода, хулоса пешниҳод карданд, — афзуд Ҷӯразода Тоҷиддин.

Абдумаҷид МУРОДОВ,  «Садои мардум»