Аз нишастҳои матбуотӣ

Фаъолияти БМИМТ манфиатовар аст

№96 - 97 (4202 - 4203) 11.08.2020

2-2Фаъолияти Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикис­тон дар нимсолаи якуми соли 2020 ҷиҳати татбиқи марҳилаи IV — и барномаи «Фонд­ҳои ҷамоавӣ барои мусоидат ба рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфрасохтори коммуналӣ» дар вилояти Хатлон, амалисозии лоиҳаҳои марбут ба «САSA 1000», Лоиҳаи дастгирии ҷомеа ва таҳкими устувории иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, мавзӯи асосии нишасти матбуотӣ (30 июли соли 2020) гардид.

Директори иҷроияи Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон Сиддиқзода Шералӣ Муродалӣ зикр кард, ки мақсади асосии Барномаи «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидат ба рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфрасохтори коммуналӣ» беҳтар намудани шароити таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мебошад.

Муҳлати татбиқи он аз 1 июли соли 2018 то 31 декабри соли 2020 муайян шудааст. Ба марҳилаи зикршуда 12 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон — А. Ҷомӣ, Хуросон, Кӯшониён, Вахш, Левакант, Данғара, Балҷувон, Восеъ, Ховалинг, Кӯлоб, Ш. Шоҳин ва Муъминобод фаро гирифта шуданд.

Дар нимсолаи аввали соли 2020 қабули техникии лоиҳаҳо, ҷамъбасти омӯзиш барои аъзои ассотсиатсияҳои волидону омӯзгорон (АВО), гузаронидани мониторингҳо ва дигар корҳои марбут ба лоиҳа анҷом дода шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки аз дувоздаҳ лоиҳаи банақшагирифташуда дар ёздаҳтоаш корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида, дар панҷ лоиҳа қабули техникӣ гузаронида шуд. Корҳои сохтмонии шаш лоиҳаи дигар низ ба анҷом расида, ба қабули техникӣ ва истифода омода гардидаанд.

Лоиҳаи таҳкими устувории иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар ду вилоят — Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон ва Ишкошим, 20 ҷамоат ва 167 деҳа) ва вилояти Хатлон (шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Панҷ, Фархор ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 24 ҷамоат ва 220 деҳа) амалӣ мегардад.

- Буҷети он 37 миллион доллари америкоиро ташкил медиҳад, ки онро дар шакли грант Ассотсиатсияи байналмилалии рушд маблағгузорӣ мекунад. Як қисми маблағи лоиҳа ба омӯзишу дастгирии ҷавонони деҳот, ки ба дастгирӣ ниёз доранд, равона мегарданд, — гуфт Сиддиқзода Шералӣ Муродалӣ.

Т. ФАРРУХПАЙ,

«Садои мардум»